Дар Ҳисор ба фестивал-озмуни «Андалеб-2014» омодагӣ мебинанд

Дар ноҳияи Ҳисор барои фестивал-озмуни «Андалеб-2014» омодагиҳоро шурӯъ карданд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи фарҳанги раиси ноҳия Парвиз Пулодӣ иттилоъ дод, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омодагиҳо шӯъбаи фарҳанги ноҳия ҳунармандони халқиро аз қабили Комилчон Ғаниев, Латиф Камолӣ, Одилҷон Ғаниев, Чуҳрибону Асоева пешбарӣ карданист. «Мо ба хулоса омадем, ки барои дар сатҳи […]

Суман Шаҳзода


Дар ноҳияи Ҳисор барои фестивал-озмуни «Андалеб-2014» омодагиҳоро шурӯъ карданд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи фарҳанги раиси ноҳия Парвиз Пулодӣ иттилоъ дод, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омодагиҳо шӯъбаи фарҳанги ноҳия ҳунармандони халқиро аз қабили Комилчон Ғаниев, Латиф Камолӣ, Одилҷон Ғаниев, Чуҳрибону Асоева пешбарӣ карданист.

«Мо ба хулоса омадем, ки барои дар сатҳи олӣ баромад кардани ҳунармандони ноҳия, бояд омодагиҳоро аз ҳоло шурӯъ кунем. Гурӯҳҳои ҳунарӣ аз зумраи ҳунармандони ҷавон таъсис дода мешаванд, ки ҳар яки онҳоро устодони варзидаи санъати ноҳия роҳбарӣ мекунанд. Барои дарёфти чеҳраҳои нави санъати мардумӣ айни замон миёни толибилмони мактабҳои миёна ва деҳаҳои ноҳия корҳо бурда мешаванд», – гуфт Пулодӣ

Фестивал-озмуни «Андалеб» ҷумхуриявӣ буда, ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.