Давлат барои 1 бемор дар як рӯз 2,7 сомонӣ масраф мекунад

– Дар беморхонаҳои кишвар барои таъмини як бемор бо дорувории зарурӣ дар як рӯз аз буҷети давлатӣ расо 1 сомониву 45 дирам маблағ ҷудо карда мешавад, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов. Ба гуфтаи вазир, барои ғизои беморон дар беморхонаҳо дар як рӯз 1 сомониву 32 […]

ASIA-Plus


– Дар беморхонаҳои кишвар барои таъмини як бемор бо дорувории зарурӣ дар як рӯз аз буҷети давлатӣ расо 1 сомониву 45 дирам маблағ ҷудо карда мешавад, – изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов.

Ба гуфтаи вазир, барои ғизои беморон дар беморхонаҳо дар як рӯз 1 сомониву 32 дирам маблағ ҷудо мегардад.

Дар ҳамин ҳол, дар дорухонаҳои кишвар арзиши яке аз доруҳои арзонтарин – паратсетамол 60 дирам мебошад.

Салимов иттилоъ дод, ки соли гузашта ба бахши тандурустӣ аз буҷет 920 млн. 715 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 27,2% зиёдтар аст.

«Қариб 90%-и маблағҳои аз буҷет ҷудогардида ба пардохти музди меҳнати кормандони тиббӣ хароҷот шуда, 10%-и боқимонда барои таъмини беморон бо дорувории зарурӣ ва ғизо тақсим карда мешавад», – иброз дошт вазир.

Бино ба маълумоти ӯ, айни замон ҳаҷми музди меҳнати кормандони ёрии таъҷилии тиббӣ – 600-900 сомонӣ ва кормандони госпиталҳо – 500-700 сомониро ташкил медиҳад. «Феълан дар муассисаҳои тиббии кишвар 16 ҳазору 248 нафар табиб ва 38 ҳазору 635 ҳамшираи шафқат машғули коранд, ки дар муқоиса бо соли 2012 мутаносибан ба миқдори 14,4% ва 21,2% бештар аст», – афзуд Н.Салимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.