Ш.Исоев: Сабаби қарзи маош дар зерсохторҳои «Барқи тоҷик» мушкили молии ширкат аст

Зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сармуҳандиси ҶСШК «Барқи ҷануб» Шарифхон Исоев изҳор кард, ки сабаби қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон мушкили молии ширкат аст. «Дар фасли тобистон беш аз 50% нерӯи барқро пойгоҳҳои обкашӣ истифода мекунанд. Барқ ба ин пойгоҳҳо бо нархи арзон, яъне бо назардошти арзиши иловагӣ 1,88 […]

Сайраҳмон Назриев


Зимни нишасти хабарии рӯзи 16-уми январ сармуҳандиси ҶСШК «Барқи ҷануб» Шарифхон Исоев изҳор кард, ки сабаби қарзи музди меҳнат дар зерсохторҳои «Барқи тоҷик» дар вилояти Хатлон мушкили молии ширкат аст.

«Дар фасли тобистон беш аз 50% нерӯи барқро пойгоҳҳои обкашӣ истифода мекунанд. Барқ ба ин пойгоҳҳо бо нархи арзон, яъне бо назардошти арзиши иловагӣ 1,88 фурӯхта мешавад. Мутаассифона, раёсати хоҷагии оби вилоят ва хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки ин пойгоҳҳо дар мувозинати онҳо қарор доранд, ҳаққи барқи истифодабурдаашонро саривақт пардохт намекунанд»,- гуфт номбурда.

Ба суоли он ки корхонаи онҳо дар назди кормандонаш чӣ миқдор маблағ қарздор аст, сармуҳандис бо қаҳр посух дод, ки «ин рақам ба Шумо чӣ лозим? Магар Шумо журналистон метавонед ин мушкилиро ҳал кунед?».

Дар ҳамин маврид сармуҳандиси корхона, ки дар ин нишаст ширкат дошт изҳор дошт, ки кормандони корхона тайи шаш моҳ аст, ки музди меҳнаташонро нагирифтаанд ва қарзи умумии корхона аз ҳисоби музди меҳнат 5,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки қарзи музди меҳнат дар сохторҳои ширкати Барқи тоҷик дар вилояти Хатлон мувофиқи маълумотҳои расми зиёда аз 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.