Дар ноҳияи Ҳисор барои фестивал-озмуни «Андалеб-2014» омодагиҳоро шурӯъ карданд.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи фарҳанги раиси ноҳия Парвиз Пулодӣ иттилоъ дод, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани омодагиҳо шӯъбаи фарҳанги ноҳия ҳунармандони халқиро аз қабили Комилчон Ғаниев, Латиф Камолӣ, Одилҷон Ғаниев, Чуҳрибону Асоева пешбарӣ карданист.
«Мо ба хулоса омадем, ки барои дар сатҳи олӣ баромад кардани ҳунармандони ноҳия, бояд омодагиҳоро аз ҳоло шурӯъ кунем. Гурӯҳҳои ҳунарӣ аз зумраи ҳунармандони ҷавон таъсис дода мешаванд, ки ҳар яки онҳоро устодони варзидаи санъати ноҳия роҳбарӣ мекунанд. Барои дарёфти чеҳраҳои нави санъати мардумӣ айни замон миёни толибилмони мактабҳои миёна ва деҳаҳои ноҳия корҳо бурда мешаванд», – гуфт Пулодӣ
Фестивал-озмуни «Андалеб» ҷумхуриявӣ буда, ҳар ду сол як маротиба баргузор мегардад.



