Дар асоси дастури Росавиатсия, бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои Федератсияи Россия нисбат ба интиқоли ҳар гуна моеъ чораҳои иловагӣ андешида шудаанд.
Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки минбаъд ҳама гуна маводи моеъ, аз ҷумла равғанҳо ва дигар модаҳои равғандор, гел, аэрозолҳо барои гигиенаи шахсӣ, ки дар даст ё бори дастӣ мавҷуд аст, ба бағоч супорида мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, доруворие, ки барои нигоҳдошти саломатии мусофир дар вақти парвоз заруранд, инчунин ғизои кӯдакон пас аз санҷиши махсуси кормандони хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ барои бо худ гирифтан иҷозат дода мешаванд.
«Аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ва ҳангоми бозгашт аз фурудгоҳҳои Россия талаботи мазкурро дуруст дарк намуда, барои сар назадани ҳама гуна нофаҳмӣ, ашёи моеъи худро пешакӣ дар бағоч ҷой диҳанд, зеро дастури мазкур ба хотири бехатарии мусофирон ва амнияти парвозҳо роҳандозӣ шудааст», – иброз дошт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки бо ҷорӣ гардидани талаботи мазкур, азназаргузаронии мусофирон (досмотр) эҳтимол вақти зиёдтарро гирад, бинобар ин тавсия дода мешавад, ки мусофирон ба фурудгоҳ барвақттар ҳозир шаванд.



