Ҳалокати ду тоҷикистонӣ дар садамаи Челябинск

Дар мавзеи Каслии роҳи мошингарди Челябинск – Екатеринбург қариби соати 7-и субҳи имрӯз  бар асари бархӯрди микроавтобусҳои «Опел» ва «Газел» ба ҳамдигар се нафар ҷон бохтаанд, ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд. Бино ба иттилои котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов, шахсияти шаҳрвандони фавтидаи […]

ASIA-Plus


Дар мавзеи Каслии роҳи мошингарди Челябинск – Екатеринбург қариби соати 7-и субҳи имрӯз  бар асари бархӯрди микроавтобусҳои «Опел» ва «Газел» ба ҳамдигар се нафар ҷон бохтаанд, ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд.

Бино ба иттилои котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов, шахсияти шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон муайян карда шуда, инҳо сокини 56-солаи деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнии вилояти Суғд Шодӣ Шодиев ва сокини 29-солаи деҳаи Доваи ноҳияи Рашт Зоҳирҷон Раҳимов будаанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҷойи ҳодиса корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шуда, дар бораи натиҷаҳояш ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Зикр мегардад, ки замони бархӯрд дар автомашинаи «Опел», ки аз шаҳри Челябинск ба шаҳри Екатеринбург раҳсипор будааст, 8 нафар мусофир қарор дошта, 5 нафари онҳо осеб надидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.