Огоҳии ФБД оид ба тадбирҳои иловагии таъмини амнияти парвоз

Дар асоси дастури Росавиатсия, бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои  Федератсияи Россия нисбат ба интиқоли ҳар гуна моеъ чораҳои иловагӣ андешида шудаанд. Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки минбаъд ҳама гуна маводи моеъ, аз ҷумла равғанҳо ва дигар модаҳои равғандор, гел, аэрозолҳо барои гигиенаи шахсӣ, ки […]

ASIA-Plus


Дар асоси дастури Росавиатсия, бо мақсади таъмини бехатарии авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои  Федератсияи Россия нисбат ба интиқоли ҳар гуна моеъ чораҳои иловагӣ андешида шудаанд.

Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки минбаъд ҳама гуна маводи моеъ, аз ҷумла равғанҳо ва дигар модаҳои равғандор, гел, аэрозолҳо барои гигиенаи шахсӣ, ки дар даст ё бори дастӣ мавҷуд аст, ба бағоч супорида мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, доруворие, ки барои нигоҳдошти саломатии мусофир дар вақти парвоз заруранд, инчунин ғизои кӯдакон пас аз санҷиши махсуси кормандони хадамоти амнияти авиатсионии  фурудгоҳ барои бо худ гирифтан иҷозат дода мешаванд.

«Аз мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки вақти парвоз аз фурудгоҳи Душанбе ва ҳангоми бозгашт аз фурудгоҳҳои Россия талаботи мазкурро дуруст дарк намуда, барои сар назадани ҳама гуна нофаҳмӣ, ашёи моеъи худро пешакӣ дар бағоч ҷой диҳанд, зеро дастури мазкур ба хотири бехатарии мусофирон ва амнияти парвозҳо роҳандозӣ шудааст», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки бо ҷорӣ гардидани талаботи мазкур, азназаргузаронии мусофирон (досмотр) эҳтимол вақти зиёдтарро гирад, бинобар ин тавсия дода мешавад, ки мусофирон ба фурудгоҳ барвақттар ҳозир шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.