Тоҷиеви аз тирезаи ШКД ба берун афтода ба бемористон мунтақил шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Умедҷон Тоҷиев, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара худро ба берун партофтаву дар бораи вазъи нохуби солимиаш адкокаташ иттилоъ дода буд, ба бемористони тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд мунтақил гардид.

Ҳимоятгари ӯ Юсуф Дониёров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки феълан аз вазъи солимии зерҳимояаш хабар надорад, зеро пас аз ба суди шаҳри Исфара ирсол шудани парванда, ӯ ва хешовандони Тоҷиев ба дидори ӯ расида наметавонанд.

Адвокат қаблан изҳор намуда буд, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ №2-и шаҳри Хуҷанд зерҳимояи ӯ бо кумаки тиббӣ таъмин набуда, бинобар сабаби дарди ҷонкоҳи пояш, мустақилона роҳ гашта наметавонад ва аз ин рӯ, ӯ аз прокуратура дархост намудааст, ки зерҳимояашро муваққатан ба муассисаи тиббӣ гузаронанд, вагарна «инро метавон як навъи махсуси ба шиканҷа ва уқубат гирифтор кардани инсон ном бурд».

Ёдрас мекунем, ки Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд», дастрас ва бо қарори Суди шаҳри Исфара, ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Дар таърихи 2-юми ноябри соли 2013 нисбати Тоҷиев У. И., дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи Прокуратураи шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) оғоз карда шуд.

Баъди анҷоми пурсиш Тоҷиев У. И., бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардоша, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда мешавад.

Вобаста ба ҳолати аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ҷаҳидани Умедҷон Тоҷиев бо супориши вазири корҳои дохилӣ санҷиши хизматӣ гузаронида шуда, кормандони масъули ШВКД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.

Қобили зикр аст, ки баъди рн ҳодиса раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода

дархости вакилӣ

ирсол намуд, ки дар он санҷиши изҳороти адвокатҳо дар матбуот дар мавриди ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Исфара нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев хоҳиш шуда буд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...