Беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ манзил дар соли гузашта



Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 975 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 15,5 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули зиёда аз 2,1 ҳазор беморон дар як баст ва бемористонҳо барои 521 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 36 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.

Дар Кумита зикр карданд, ки имрӯз корҳои омодасозӣ ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент (95%), Қайроққум (50%), Бохтар (60%), Ҷомӣ (25%), Восеъ (80%) ва  Гончӣ (70%) идома доранд.

«Таҳияи нақшаҳои генералии 9 шаҳру ноҳияҳо пурра ба итмом расида, айни замон онҳо дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Кумита, нақшаҳои генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бояд то соли 2015 таҳия ва тасҳеҳ шаванд», – гуфтанд дар Кумитаи мазкур.

spot_imgspot_img

Популярное