Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ медиҳад, ки ширкатҳои сохтмонии вилояти Новосибирск ба қабули муҳоҷирони тоҷик ба кор омодаанд.
«Моҳи апрели соли равон ширкати мо омода аст, ки зиёда аз 50 нафар муҳоҷири меҳнатии тоҷикро бо ҷойи кор таъмин кунад», – изҳор доштааст зимни суҳбат бо корманди намояндагӣ муовини роҳбари ҶСК «Перлит-строй» Алексей Фёдоров.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо ширкати «Перлит-строй» оид ба масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Қобили зикр аст, ки «Перлит-строй» яке аз ширкатҳои бузурги сохтмонии вилоят буда, барои ҷалб ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани қувваи корӣ аз хориҷи кишвар аз заминаи кофии моддиву техникӣ бархӯрдор аст.
Гуфта мешавад, ширкат ният дорад, ки дархости расмӣ бо зикри мутахассисони заруриро пешниҳод намояд.



