Пешниҳоди шаҳрдории Кӯлоб оид ба ром кардани сойи Тебалай



Сойи Тебалай ҳамасола ба сокинони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод ва шаҳру ноҳияи Кӯлоб хисороти зиёд ба бор меоварад. Соли 2010 маҳз бар асари обхезӣ ва фаромадани лойқаву санг, ки қисмате аз шаҳри Кӯлобро шуста буд, 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Қобили зикр аст, ки аз амалу тадбирҳои ноҷӯру парокандаи мақомоти маҳаллии ноҳияҳои зикршуда ва шаҳри Кӯлоб дар мавриди тозакунии маҷрои сой ва ба самти бехатар равона кардани он натиҷаҳои дилхоҳ ҳосил намешаванд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов бо андешаи зарурати таъсиси мақомоти ягона дар сатҳи ҷумҳуривӣ ё байниноҳиявӣ оид ба ҳамоҳансозии тамоми корҳо дар сойи Тебалай розӣ шуда, изҳор намуд, ки дар сурати чунин ранг гирифтани кор, ба пурсамар истифода шудани миллионҳо маблағҳои ҷудошуда ва захираи хле ками техника имкон пайдо мегардад.

«Зимни сафари кории нахуствазири ҷумҳурӣ ба минтақа, мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ин ташаббусро ба ӯ пешниҳод хоҳад кард», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аллакай муддати ду сол аст, ки шаҳрдории Кӯлоб бидуни дастрасии ҳеҷ воситае аз буҷети ҷумҳурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, мустақилона корҳои тозакунии соҳилҳои поёноби сойи Тебалайро анҷом медиҳад.

«Ширкати «Фароз» ба тозакунии маҷрои об дар масофаи 2 километр кумак кард, вале агар бо ин ё он сабаб дар болооби сой – дар ноҳияҳои Муъминободу Шӯрообод тамоми маҷмӯи ин гуна корҳоро анҷом надиҳанд, моҳҳои март-май тамоми кӯшишҳои мо дар поёноб барабас хоҳанд рафт», – афзуд раиси шаҳр.

spot_imgspot_img

Популярное