Адвокатҳои Саидов ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ муроҷиатнома омода мекунанд


Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов, ки ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд, ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиатнома омода мекунанд.

Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов дар ин робита зикр кард, ки то ҳанӯз судяи Суди олии ҶТ Шавкат Абдулхайров нусхаи ҳукм аз 25-уми декабри соли 2013 нисбати зерҳимояи онҳоро ба адвокатҳо надодааст.

«Судя талаб мекунад, ки дар бораи огоҳии ӯ ба мо мутобиқи моддаи 361 –и КҶ ҶТ ва моддаи 177 КМҶ ҶТ дар мавриди ифшо накардани маводи парванда ва ҳукм забонхат бидиҳем. Мо аз болои ин ҳукм, ки ғайриқонунӣ мешуморем, ба зинаҳои болоӣ шикоят бурда наметавонем, зеро то ҳанӯз нусхаи ҳукм ба дастамон нарасидааст ва мо мушаххас намедонем, ки бо кадом асосҳо ва аз рӯйи кадом далелҳо суд З.Саидовро дар содир намудани ҷиноятҳо гунаҳкор донистааст. Бо ин амал судя ба нақзи моддаи 14-и Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ роҳ медиҳад», – иброз дошт Ш. Қудратов.

Адвокат мутмаин аст, ки Шавкат Абдулхайров аз ангезаҳои сиёсии парвандаи мазкур огоҳ буда, аз онҳо амалҳои ғайриқонуниро талаб ва ҳарос дорад, ки адвокатҳо ҳукми ӯро ба нашр мерасонанд ё манхзури ҳамагон мегардонанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба

26 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи молу мулк

маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

spot_imgspot_img

Популярное