Аз фаъолият бозмондани бозори «Самарқандак» дар Ботканд

Бозори «Самарқандак» дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз фаъолият бозмонд. Соҳибкори исфарагӣ Абдуназар Муҳаммадов, ки муддати чандин соли ахир ба хариду фурӯши чорво дар ин бозор машғул буд, тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишввар, Қирғизистон […]

Аваз Юлдошев


Бозори «Самарқандак» дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз фаъолият бозмонд.

Соҳибкори исфарагӣ Абдуназар Муҳаммадов, ки муддати чандин соли ахир ба хариду фурӯши чорво дар ин бозор машғул буд, тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишввар, Қирғизистон якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро баста, мутаносибан дастрасии соҳибкорони тоҷик ба бозор ғайриимкон ва соҳибкорони қирғиз аз сарчашмаи фурӯши маҳсулоти асосии худ – чорво ва хушкмева маҳрум шудаанд.

Соҳибкори тоҷик бо истинод ба шарики тиҷоратии худ аз Қирғизистон Арсланбек Тургунов мегӯяд, баста шудани бозор ба коҳиши босуръати нархи чорво ва хушкмеваи қирғизҳо ва ҳамзамон болоравии босуръати маҳсулоти ғизойӣ, пеш аз ҳама орд, ки онҳоро дар бозор соҳибкорони тоҷик таъмин мекарданд, оварда расонид.

«Масалан, қаблан нархи як халта орди тоҷикон дар бозор 120-130 сомониро ташкил медод, баъди баста шудани марз бошад, арзиши он дар ноҳияи наздимарзии кишвари ҳамсоя то 170-180 сомонӣ боло рафт», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бозори наздимарзии «Самарқандак»зиёда аз даҳ сол қабл ифтитоҳ гардида, дар он бо асъори миллии Тоҷикистону Қирғизистон хариду фурӯш сурат мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, аз Иттифоқи касабаи шаҳри Исфара ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид иттилоъ доданд, ки бо аз фаъолият мондани бозори мазкур гӯшт дар шаҳр гарон нашудааст, зеро дар худи шаҳр низ таъминот бо гӯшт кофӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.