Адвокатҳои Саидов ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ муроҷиатнома омода мекунанд

Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов, ки ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд, ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиатнома омода мекунанд. Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов дар ин робита зикр кард, ки то ҳанӯз судяи Суди олии ҶТ Шавкат Абдулхайров нусхаи ҳукм аз 25-уми декабри соли 2013 […]

ASIA-Plus


Адвокатҳои соҳибкор Зайд Саидов, ки ба муддати тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуд, ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон муроҷиатнома омода мекунанд.

Яке аз адвокатҳои соҳибкор Шуҳрат Қудратов дар ин робита зикр кард, ки то ҳанӯз судяи Суди олии ҶТ Шавкат Абдулхайров нусхаи ҳукм аз 25-уми декабри соли 2013 нисбати зерҳимояи онҳоро ба адвокатҳо надодааст.

«Судя талаб мекунад, ки дар бораи огоҳии ӯ ба мо мутобиқи моддаи 361 –и КҶ ҶТ ва моддаи 177 КМҶ ҶТ дар мавриди ифшо накардани маводи парванда ва ҳукм забонхат бидиҳем. Мо аз болои ин ҳукм, ки ғайриқонунӣ мешуморем, ба зинаҳои болоӣ шикоят бурда наметавонем, зеро то ҳанӯз нусхаи ҳукм ба дастамон нарасидааст ва мо мушаххас намедонем, ки бо кадом асосҳо ва аз рӯйи кадом далелҳо суд З.Саидовро дар содир намудани ҷиноятҳо гунаҳкор донистааст. Бо ин амал судя ба нақзи моддаи 14-и Аҳдномаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ роҳ медиҳад», – иброз дошт Ш. Қудратов.

Адвокат мутмаин аст, ки Шавкат Абдулхайров аз ангезаҳои сиёсии парвандаи мазкур огоҳ буда, аз онҳо амалҳои ғайриқонуниро талаб ва ҳарос дорад, ки адвокатҳо ҳукми ӯро ба нашр мерасонанд ё манхзури ҳамагон мегардонанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 25-уми декабри соли 2013 соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба

26 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи молу мулк

маҳкум шуд. Зайд Саидов аз рӯйи панҷ моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – 138 (Таҷовуз ба номус), 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), 139 (Гирифтани пора) ва 247 (Қаллобӣ) гунаҳкор дониста шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.