Дар Екатеринбург бинокорони тоҷикро интизоранд


Ширкати сохтмонии «Регат»-и шаҳри Екатеринбурги Русия ба беш аз 100 нафар бинокорони касбу кори гуногун ниёз дорад.

Тавре котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зимни мулоқот бо корманди намояндагии мазкур директори ҶДММ «Регат» Александр Куимов дар ин робита зикр кардааст, ки дар навбати аввал ба онҳо хиштзанон, рангмолон, насбгарон ва кафшергарони газӣ заруранд ва илова намудааст, ки «дар анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатномавии будубош ва кор ширкат ба онҳо мусоидат намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кориро бо хобгоҳ ва ғизо таъмин менамояд».

«Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург доир гардид, ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо ширкати «Регат» бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҶТ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд», – зикр кард Аҳмедов.

spot_imgspot_img

Популярное