Дар Екатеринбург бинокорони тоҷикро интизоранд

Ширкати сохтмонии «Регат»-и шаҳри Екатеринбурги Русия ба беш аз 100 нафар бинокорони касбу кори гуногун ниёз дорад. Тавре котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зимни мулоқот бо корманди намояндагии мазкур директори ҶДММ «Регат» Александр Куимов дар ин робита зикр кардааст, ки дар навбати […]

Аваз Юлдошев


Ширкати сохтмонии «Регат»-и шаҳри Екатеринбурги Русия ба беш аз 100 нафар бинокорони касбу кори гуногун ниёз дорад.

Тавре котиби матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, зимни мулоқот бо корманди намояндагии мазкур директори ҶДММ «Регат» Александр Куимов дар ин робита зикр кардааст, ки дар навбати аввал ба онҳо хиштзанон, рангмолон, насбгарон ва кафшергарони газӣ заруранд ва илова намудааст, ки «дар анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатномавии будубош ва кор ширкат ба онҳо мусоидат намуда, ҳамчунин муҳоҷирони кориро бо хобгоҳ ва ғизо таъмин менамояд».

«Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки дар хадамоти консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург доир гардид, ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо ширкати «Регат» бобати бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҶТ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд», – зикр кард Аҳмедов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.