Мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия

Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар бораи ба итмом расидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба мавриди амал қарор гирифтани Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ба Тоҷикистон аз Русия огоҳиномаи охирини хаттӣ расид. Ҳамин тариқ, аз 17-уми январ Созишномаи мазкур ҳукми қонунӣ касб кард. Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати […]

ASIA-Plus


Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар бораи ба итмом расидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба мавриди амал қарор гирифтани Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ба Тоҷикистон аз Русия огоҳиномаи охирини хаттӣ расид. Ҳамин тариқ, аз 17-уми январ Созишномаи мазкур ҳукми қонунӣ касб кард.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ин Созишнома миёни ду кишвар 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида буд.

Ба иттилои ВКХ ҶТ, ҳуҷҷати мазкур аз санаи бо роҳҳои дипломатӣ гирифтани охирин Огоҳиномаи хаттӣ дар бораи аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур мебошанд, қувваи қонунӣ касб менамояд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи ин созишнома, акнун пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни бақайдгузорӣ метавонанд муддати 15 рӯз иқомат дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.