ФФТ шабакаи телевизионии футбол кушоданист

spot_imgspot_img

Дата:


Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев зимни посух ба саволҳои корбарони сомонаи ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки як шабакаи телевизионии футбол таъсис бидиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин шабакаи телевизионӣ вохӯриҳои чемпионати ҷумҳурӣ низ намоиш дода мешаванд ва бо ин амал ФФТ умед дорад, ки футболбозони бомаҳорату варзидаи футбол дар саросари ҷмҳуриро дарёфт намояд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Муҳсин Муҳаммадиев сарварии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба зимма гирифта, то ин дам аз моҳи июни соли 2008 ба ҳайси директори варзишии дастаи футболи «Рубин»-и Қазон фаъолият дошт.

Муҳсин Муҳаммадиев дар назди худ вазифа гузоштааст, ки кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ки дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ ба даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 роҳ ёбад. «Ҳамаи дастаҳо, аз ҷумла мо ҳам имкон дорем. Барои омодагӣ вақти зарурӣ ҳаст ва барои ба даст овардани роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ҳамаҷониба талош хоҳем варзид», – зикр кардааст Муҳаммадиев.

Муҳсин Муҳаммадиев дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар дастаҳои футболи Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон,Туркия ва Австрия ҳунарнамоӣ карда, ҳамлагар мебошад. Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1988).

Матни комили мусоҳибаи мустақими Муҳсин Муҳаммадиев бо корбони сомонаи ОИ «Азия-Плюс»-ро

бо суроғаи зерин

дарёфт карда метавонед.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...