ФФТ шабакаи телевизионии футбол кушоданист

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев зимни посух ба саволҳои корбарони сомонаи ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки як шабакаи телевизионии футбол таъсис бидиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин шабакаи телевизионӣ вохӯриҳои чемпионати ҷумҳурӣ низ намоиш дода мешаванд ва бо ин амал ФФТ умед дорад, ки […]

ASIA-Plus


Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев зимни посух ба саволҳои корбарони сомонаи ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки як шабакаи телевизионии футбол таъсис бидиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин шабакаи телевизионӣ вохӯриҳои чемпионати ҷумҳурӣ низ намоиш дода мешаванд ва бо ин амал ФФТ умед дорад, ки футболбозони бомаҳорату варзидаи футбол дар саросари ҷмҳуриро дарёфт намояд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Муҳсин Муҳаммадиев сарварии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба зимма гирифта, то ин дам аз моҳи июни соли 2008 ба ҳайси директори варзишии дастаи футболи «Рубин»-и Қазон фаъолият дошт.

Муҳсин Муҳаммадиев дар назди худ вазифа гузоштааст, ки кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ки дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ ба даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 роҳ ёбад. «Ҳамаи дастаҳо, аз ҷумла мо ҳам имкон дорем. Барои омодагӣ вақти зарурӣ ҳаст ва барои ба даст овардани роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ҳамаҷониба талош хоҳем варзид», – зикр кардааст Муҳаммадиев.

Муҳсин Муҳаммадиев дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар дастаҳои футболи Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон,Туркия ва Австрия ҳунарнамоӣ карда, ҳамлагар мебошад. Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1988).

Матни комили мусоҳибаи мустақими Муҳсин Муҳаммадиев бо корбони сомонаи ОИ «Азия-Плюс»-ро

бо суроғаи зерин

дарёфт карда метавонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.