Мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи будубоши шаҳрвандони тоҷик дар Русия


Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар бораи ба итмом расидани расмиёти дохилидавлатӣ оид ба мавриди амал қарор гирифтани Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, ба Тоҷикистон аз Русия огоҳиномаи охирини хаттӣ расид. Ҳамин тариқ, аз 17-уми январ Созишномаи мазкур ҳукми қонунӣ касб кард.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ин Созишнома миёни ду кишвар 8-уми феврали соли 2013 ба имзо расида буд.

Ба иттилои ВКХ ҶТ, ҳуҷҷати мазкур аз санаи бо роҳҳои дипломатӣ гирифтани охирин Огоҳиномаи хаттӣ дар бораи аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур мебошанд, қувваи қонунӣ касб менамояд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи ин созишнома, акнун пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни бақайдгузорӣ метавонанд муддати 15 рӯз иқомат дошта бошанд.

spot_imgspot_img

Популярное