Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки рӯзҳои 22-24-уми январ дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ шуданд.
«Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки ба рӯзномаи ҷаласаи зикршуда масоили марбут ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои энергетика, истихроҷи нафту газ, муҳоҷират, илм ва таҳқиқот ворид гардидаанд», – иброз дошт Муҳиддинов.
Ба гуфтаи ӯ, нахуствазири Тоҷикистон ва дипломати рус изҳори итминон краданд, ки ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии кишварҳо дар сатҳи баланди тадорукотӣ сурат хоҳад гирифт.



