Нахуствазир сафири Русияро ба ҳузур пазируфт

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт. Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки рӯзҳои 22-24-уми январ дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ шуданд. «Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, […]

Аваз Юлдошев


Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.

Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ки рӯзҳои 22-24-уми январ дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ шуданд.

«Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки ба рӯзномаи ҷаласаи зикршуда масоили марбут ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои энергетика, истихроҷи нафту газ, муҳоҷират, илм ва таҳқиқот ворид гардидаанд», – иброз дошт Муҳиддинов.

Ба гуфтаи ӯ, нахуствазири Тоҷикистон ва дипломати рус изҳори итминон краданд, ки ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии кишварҳо дар сатҳи баланди тадорукотӣ сурат хоҳад гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.