Соли 2013 ҳудуди 200 тонна сӯзишвории ғайримеъёрӣ ошкор шуд

Соли 2013 Агентии «Тоҷикстандарт» ҳудуди 200 тонна сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳо мутобиқат надоштанд, ошкор кард. Директори «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шарифов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентӣ беш аз 2,8 ҳазор санҷишҳои сифати маҳсулоти нафтӣ баргузор карда шуд, ки дар 47 ҳолат маҳсулоти «ғайримеъёрӣ», аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли 2013 Агентии «Тоҷикстандарт» ҳудуди 200 тонна сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳо мутобиқат надоштанд, ошкор кард.

Директори «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шарифов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентӣ беш аз 2,8 ҳазор санҷишҳои сифати маҳсулоти нафтӣ баргузор карда шуд, ки дар 47 ҳолат маҳсулоти «ғайримеъёрӣ», аз ҷумла 109 тонна бензин, 60 тонна битум, 30,2 тонна сӯзишвории дизелӣ, 0,2 тонна равғанҳои молдиданӣ ва 0,1 тонна моеъҳо барои нақлиёт ошкор гардид.

«Масалан, дар баъзе нуқтаҳои фурӯш навъи арзони бензин ҳамчун бензини тамғаи гарон фурӯхта шуда, баъди муқаррар шудани тамғаи аслӣ, таҳти назорати кормандони мо он мутобиқ арзиши аслиаш ба фурӯш рафт», – иброз дошт ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки дар муқоиса бо соли 2012  соли 2013 дар Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти нафтии номутобиқ ба меъёрҳо ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст.

Соли гузашта маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид карда шуданд. Айни замон арзиши 1 литр бензини навъи АИ-95 дар нуқтаҳои фурӯш – 5,80 сомонӣ ва бензини тамғаи АИ-94 – 4,90 сомониро ташкил медиҳад.

Ғайр аз ин, дар нуқтаҳои маводи сӯзишвории шаҳри Душанбе фурӯши навъи нави бензини 95 G-Drive бо нархи 5,95 сомонӣ барои 1 литр оғоз шудааст.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки соли 2013 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 213 ҳазору 692,2 тонна

гази моеъ ворид карда шуд

, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 132 ҳазору 435 тонна зиёдтар аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.