Дар ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав масоили марбут ҷараёни таҳияи лоиҳаи ин қонун баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар кори ҷаласа мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари Гурӯҳи корӣ), муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини роҳбари Гурӯҳи корӣ), мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, муовинони вазири рушди иқтисод ва савдо, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мушовири байналмилалӣ ва кормандони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон ва намояндагони бахши иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ лоиҳаи нахустини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи ислоҳоти низоми санҷишҳо аз ҷониби Гурӯҳи корӣ таҳия гардидааст, баррасӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба муқаррар кардани тартиби баргузор намудани санҷишҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ва ҳамчунин ҳимояти фаъолияти субъектҳо аз дахолати ғайриқонунӣ нигаронида шудааст.
Қонуни амалкунанда дар Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» соли 2006 қабул гардида, борҳо мавриди интиқоди соҳибкорон қарор гирифтааст.



