Беш аз 20 млн. $ барои таъмири роҳҳои Суғд дар соли равон

Соли равон барои таъмири роҳҳо дар вилояти Суғд аз ҳисоби воситахои буҷети вилоят зиёда аз 103 млн. сомонӣ (беш аз 20 млн. $) маблағ ҷудо карда мешавад. Тавре аз хадамоти матбуоти и.в. раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин воситаҳо дар доираи амалисозии Барномаи ободонии роҳҳо дар соли 2014 ихтисос дода мешаванд. Ба иттилои манбаъ, мутобиқи […]

Мавлуда Рафиева


Соли равон барои таъмири роҳҳо дар вилояти Суғд аз ҳисоби воситахои буҷети вилоят зиёда аз 103 млн. сомонӣ (беш аз 20 млн. $) маблағ ҷудо карда мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти и.в. раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин воситаҳо дар доираи амалисозии Барномаи ободонии роҳҳо дар соли 2014 ихтисос дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи қарори чанде қабл қабулгардидаи и. в. раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, дар шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ суръати бештар бахшида мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳадафи барнома беҳбуди вазъи роҳҳои автомобилгард, майдону кӯчаҳо ва хиёбонҳо ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёту роҳгузарон, ҳифзи муҳити зист ва амвол (воситаҳои нақлиёт)-и шаҳрвандон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.