Ба истифода додани 6 иншооти нав дар Исфара

Аввали соли равон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 6 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, ин корхонаҳои нав – корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Исфара Шуз» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 100 ҳазор ҷуфт пойафзол, 2 корхонаи коркарди хушкмева, корхонаи дӯзандагӣ, […]

ASIA-Plus


Аввали соли равон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 6 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев хабар дод, ин корхонаҳои нав – корхонаи истеҳсоли пойафзоли «Исфара Шуз» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 100 ҳазор ҷуфт пойафзол, 2 корхонаи коркарди хушкмева, корхонаи дӯзандагӣ, нахустин манзили зисти 6-ошёна дар шаҳр ва кӯдакистони хусусӣ барои 120 нафар кӯдакон мебошанд.

«Соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара ба маблағи умумии 195,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар қиёс бо соли 2012 ба миқдори 32,5 млн. сомонӣ зиёдтар аст», – иброз дошт Тешаев.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар шаҳри Исфара 11 корхонаҳои саноатии нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфтанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 аз ба 110 ҳазор нафар расидани шумори аҳолии шаҳри Исфара ва майдони умумии 5 ҳазору 9 гектарро фаро гирифтани қаламрави шаҳр интизорӣ меравад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.