Муроҷиати ширкати гурҷӣ ба «Тоҷикстандарт» ҷиҳати дастрасӣ ба меъёри «Ҳалол»

Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбеи ҳафтаи равон директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод, ки айни замон аз 18 корхонаи бо ариза барои гирифтани меъёри «Ҳалол» муроҷиаткарда, 12-тоашон ба он соҳиб шудаанд, ки 6-то дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ  ва 6-тои дигар дар вилояти Суғд тибқи ин меъёр фаъолият доранд. Ба қавли вай, […]

ASIA-Plus


Зимни нишасти хабарии рӯзи душанбеи ҳафтаи равон директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров иттилоъ дод, ки айни замон аз 18 корхонаи бо ариза барои гирифтани меъёри «Ҳалол» муроҷиаткарда, 12-тоашон ба он соҳиб шудаанд, ки 6-то дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ  ва 6-тои дигар дар вилояти Суғд тибқи ин меъёр фаъолият доранд.

Ба қавли вай, ба Агентӣ ҳатто як ширкати Гурҷистон, ки маҳсулоти минералӣ истеҳсол мекунад, низ ҷиҳати дастрас кардани сертификати ин меъёр муроҷиат кардаааст, зеро ширкат дар кишварҳои мусалмонӣ ҳам фаъолият дорад. «Метавон гуфт, ки оид ба сертификатсиякунонӣ мо аз таҷрибаи байнулмилалӣ ҳам бархӯрдор шудем», – гуфт ӯ, вале мушаххасан номи ин ширкати гурҷиро зикр накард.

Таври маълум имрӯз дар бозори Тоҷикистон маҳсулоти оби минералии «Набеглави» ва «Зедазени»-и ширкатҳои Гурҷистон ба фурӯш гузошта шудаанд ва шояд яке аз ҳамин ширкатҳо ба Агентӣ муроҷиат карда бошанд.

Директори «Тоҷикстандарт» ҳамчунин илова намуд, ки соли 2013 Тоҷикистон ба узвияти Созмони байнулмилалӣ оид ба сертифкатсиякуноии маҳсулоти «Ҳалол» пазируфта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.