Соли равон барои таъмири роҳҳо дар вилояти Суғд аз ҳисоби воситахои буҷети вилоят зиёда аз 103 млн. сомонӣ (беш аз 20 млн. $) маблағ ҷудо карда мешавад.
Тавре аз хадамоти матбуоти и.в. раиси вилояти Суғд хабар доданд, ин воситаҳо дар доираи амалисозии Барномаи ободонии роҳҳо дар соли 2014 ихтисос дода мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи қарори чанде қабл қабулгардидаи и. в. раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, дар шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ суръати бештар бахшида мешаванд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳадафи барнома беҳбуди вазъи роҳҳои автомобилгард, майдону кӯчаҳо ва хиёбонҳо ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёту роҳгузарон, ҳифзи муҳити зист ва амвол (воситаҳои нақлиёт)-и шаҳрвандон аст.



