Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро тасдиқ карданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аъламхон Наимӣ зикр кард, ки Созишномаи мазкур 1-уми октябри соли гузашта ба имзо расида, барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод шудааcт.
«Мақсади Созишнома пеш аз ҳама мусоидат намудан барои беҳтар гардидани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон буда, маблағи умумии лоиҳа 16,2 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад», – иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки созишнома то соли 2018 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.



