Барои рушди таҳсилоти томактабӣ Тоҷикистон 16 млн. $ дастрас мекунад

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро тасдиқ карданд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми худ, ки таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маорифро тасдиқ карданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Аъламхон Наимӣ зикр кард, ки Созишномаи мазкур 1-уми октябри соли гузашта ба имзо расида, барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод шудааcт.

 «Мақсади Созишнома пеш аз ҳама мусоидат намудан барои беҳтар гардидани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон буда, маблағи умумии лоиҳа 16,2 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки созишнома то соли 2018 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.