HRW дар бораи тақвияти маҳдудиятҳо дар арафаи интихоботи президентии Тоҷикистон

Соли гузаштаи Тоҷикистон «дар партави маҳдудияти ҳуқуқи инсон» баргузор шуда, дар арафаи интихоботи президентӣ дар кишвар (6-уми ноябр) тақвият ёфт», – гуфта мешавад дар гузориши солонаи созмони Human Rights Watch (HRW) ё Дидбони Ҳуқуқи Башар оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар беш аз 90 кишвари саросари ҷаҳон. Дар гузориш зикр мегардад, ки номзади ягонаи […]

ASIA-Plus


Соли гузаштаи Тоҷикистон «дар партави маҳдудияти ҳуқуқи инсон» баргузор шуда, дар арафаи интихоботи президентӣ дар кишвар (6-уми ноябр) тақвият ёфт», – гуфта мешавад дар гузориши солонаи созмони Human Rights Watch (HRW) ё Дидбони Ҳуқуқи Башар оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар беш аз 90 кишвари саросари ҷаҳон.

Дар гузориш зикр мегардад, ки номзади ягонаи мустақил ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова маҷбур шуд, ки аз маъракаи интихоботи президентӣ пеш аз муҳлат канор биравад, зеро ҷонибдорнони ӯ тарсонида шуда буданд.

Ҳамчунин дар гузориш гуфта мешавад, маҳз дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳукуматдорон ба фишор болои озодии ибрози андеша тақвият бахшида, ба масъалаи истирдоди рақибони сиёсӣ, ҷорисозии назорати пурзӯр аз болои озодиҳои динӣ фаъолона кӯшиш ба харҷ доданд.

Ба андешаи муаллифони созмони мазкури ҳомии ҳуқуқ, мушкилоти истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон то ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мемонад.

«Қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар бахши риояи ҳуқуқи инсон ҳамчунин дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ ба мушоҳида расиданд», – зикр мегардад дар гузориш.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.