Нигаронии Тоҷикистон аз коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ бо Русия


Тоҷикистон аз коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ бо Русия дар соли 2013 изҳори нигаронӣ намуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни конфронс бахшида ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҷонибҳо дар ин робита зикр кард, ки нишондиҳандаи ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар соли 2013 беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба солҳои пешин нисбатан камтар (4%) аст.

«Коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ дар навбати аввал ба мушкилоти ҳамлу нақли мол тариқи роҳи оҳан марбут аст, ки тайи чанд соли ахир Тоҷикистон ба он дучор аст», – иброз дошт Қ.Қосим.

Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҷараёни рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русияро мусбат арзёбӣ мекунад. «Ҳаҷми муомилоти молии соли гузашта миёни кишварҳо ҳадди ниҳоӣ нест ва ояндаи наздик мо ба натиҷаҳои мусбату назхаррас дар ин самт умедворем», – гуфт ӯ.

Бо истинод ба назари коршиносони русиягӣ, сафир изҳор кард, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 20-30% хоҳад афзуд. «Ба ин омил афзоиши содироти ашёи хом аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳамчунин бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда мусоидат хоҳад кард», – илова кард Игор Лякин-Фролов.

spot_imgspot_img

Популярное