Сардори РВКД Суғд дар бораи сабаби марги Тоҷиев

Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назаров дар робита ба фавти узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба берун афтода, аз пояш ҷароҳат бардолшта буд, изҳор намуд, ки  ӯ ба иллати бемории дил […]

ASIA-Plus


Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назаров дар робита ба фавти узви раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара Умедҷон Тоҷиев дар бемористони зиндони шаҳри Хуҷанд, ки аз ошёнаи сеюми Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара ба берун афтода, аз пояш ҷароҳат бардолшта буд, изҳор намуд, ки  ӯ ба иллати бемории дил фавтидааст.

«Дар робита ба овозаҳо атрофи ин қазия, ки гӯё нисбати ӯ аз фишору лату кӯб ва шиканҷа кор гирифта шуда бошад, ин тавр нест. Агар касе аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба шахсе амалҳои ғайриқонунӣ содир кунад, мо нисбати ӯ чораҳои дахлдор меандешем», – гуфт Назаров.

Ба гуфтаи ӯ, ин парвандаро прокуратура тафтиш мекард ва агар дар амалҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ қонуншиканиҳо ошкор мешуданд, прокуратура нисбати он чораҳои дахлдор андешида, парвандаи ҷиноӣ боз мекард.

Ёдовар мешавем, Умедҷон Тоҷиев дар бемористони марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ дар вилояти Суғд, воқеъ дар муассисаи ислоҳии 3/5-и шаҳри Хуҷанд

ба ҳалокат расид.

Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар рафти ҷаласае, ки имрӯз баргузор шуд, омили марги узви ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев дар беморхонаи боздоштгоҳи вилояти Суғдро баррасӣ карда, масъулияти онро бар дӯши

мақомоти интизомӣ

вогузошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.