Нигаронии Тоҷикистон аз коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ бо Русия

Тоҷикистон аз коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ бо Русия дар соли 2013 изҳори нигаронӣ намуд. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни конфронс бахшида ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҷонибҳо дар ин робита зикр кард, ки нишондиҳандаи ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар соли 2013 беш аз 1 млрд. доллари […]

Пайрав Чоршанбиев


Тоҷикистон аз коҳиши ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ бо Русия дар соли 2013 изҳори нигаронӣ намуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни конфронс бахшида ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ҷонибҳо дар ин робита зикр кард, ки нишондиҳандаи ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни кишварҳо дар соли 2013 беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба солҳои пешин нисбатан камтар (4%) аст.

«Коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ дар навбати аввал ба мушкилоти ҳамлу нақли мол тариқи роҳи оҳан марбут аст, ки тайи чанд соли ахир Тоҷикистон ба он дучор аст», – иброз дошт Қ.Қосим.

Дар ҳамин ҳол, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ҷараёни рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Русияро мусбат арзёбӣ мекунад. «Ҳаҷми муомилоти молии соли гузашта миёни кишварҳо ҳадди ниҳоӣ нест ва ояндаи наздик мо ба натиҷаҳои мусбату назхаррас дар ин самт умедворем», – гуфт ӯ.

Бо истинод ба назари коршиносони русиягӣ, сафир изҳор кард, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 20-30% хоҳад афзуд. «Ба ин омил афзоиши содироти ашёи хом аз Тоҷикистон ба Русия ва ҳамчунин бекор шудани боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда мусоидат хоҳад кард», – илова кард Игор Лякин-Фролов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.