Муовини аввали раиси ҲНИТ ба тасаллияти хонаводаи Тоҷиев рафт

Муовини аввали раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҷиҳати расонидани таъзияи роҳбарияти ҳизб ба хонаводаи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 21-уми январ озими деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Тавре С. Ҳусайнӣ гуфтааст, дар дидор ва суҳбат бо аҳли хонаводаи Умедҷони шаҳид ва дигаре аз бародарону ҳаводорони Наҳзат аз номи Раёсати олии […]

ASIA-Plus


Муовини аввали раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҷиҳати расонидани таъзияи роҳбарияти ҳизб ба хонаводаи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 21-уми январ озими деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, Тавре С. Ҳусайнӣ гуфтааст, дар дидор ва суҳбат бо аҳли хонаводаи Умедҷони шаҳид ва дигаре аз бародарону ҳаводорони Наҳзат аз номи Раёсати олии ҳизб таъзия ва тасаллият арз дошта, ҳамаро ба сабр даъват намудааст.

Ҳамчун бо пешниҳоди бародарони наҳзатии Исфара, ки хайрияе барои марзбонони тоҷик  аз ҷониби сокинони Чоркуҳ ҷамъоварӣ кардаанд, С. Ҳусайнӣ тасмим гирифтааст, ки ин корвонро то ситоди неруҳои марзбонӣ дар ин минтақа сарпарастӣ намояд.

Ӯ зикр кардааст, ки мардумро марги ғайриинтизори Умедҷон нигарон сохтааст, вале дар баробари ин вақте сокинони он тарафи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба дохили кишвари дуввумӣ интиқол медиҳанд, нигаронии дигареро ба бор овардааст, ки ин раванд ба чӣ хотир сурат мегирифта бошад. Дар ҳоле ки дар Исфара вазъият орому ҳама пайи рӯзггори худанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.