Қирғизистон танҳо гузаргоҳи марзии «Қулма»-ро барои ҳамлу нақли мол ба Тоҷикистон кушода нигоҳ дошта, имрӯз ин ягона гузаргоҳест, ки фаъолият дорад.
Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки ҶТ Исмоил Шӯхиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҷуз гузаргоҳи зикршуда, феълан пас аз муноқишаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳояш бо Тоҷикистонро бастааст.
Шӯхиев мегӯяд, дар худи марз бевосита ҷамъшавии автомшинаҳои аз Қирғизистон ба Тоҷикистон равуодошта ба мушоҳида намерасад, зеро автомашинаҳо то марз – дар наздикии фурудгоҳи Ботканд боздошт шуда, ба ҳаракати минбаъдаи онҳо иҷозат дода намешавад.
«Тибқи маълумоти гуногун, айни замон дар қаламрави вилояти Ботканд ҷамъшавии аз 190 то 210 адад автомашинаҳо бо бор барои Тоҷикистон ба назар мерасад, ки 90%-и онҳо боркашонони худи Қирғизистон буда, ба ҳамлу нақли бору колои соҳибкорони тоҷик машғуланд», – иброз дошт ӯ.
Дар робита ба гузаргоҳи воқеъ дар Ҷиргатол, ки асосан нуқтаи транзитӣ барои молҳои пешбинишуда ба Афғонистон маҳсуб меёбад, номбурда изҳор кард, ки ахиран рӯзи 20-уми январ ин гузаргоҳро ҳамагӣ як автомашина убур намудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки шабонарӯзи ин қитъаи марзи Тоҷикистону Кирғизистонро 30-40 адад автомашина убур мекард.
«Марз ҳам барои воситаҳои нақлиёт ва ҳам барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Бишкек барои дастрасии молу коло ё бо корҳои шахсӣ мераванду марзи Қирғизистонро тариқи Қазоқистон убур мекунанд, баста шудааст», – афзуд намояндаи Хадамоти гумрук.



