Дар Краснодар 14 тоҷикистонӣ истирдодро интизорӣ доранд

Дар қабулгоҳи муваққатии шаҳри Краснодари Русия 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки барои будубоши ғайриқонунӣ, мавҷуд набудани ҳуҷчатҳои муайянкунандаи шахсият ва таъхири пардохти маблаги патент барои фаъолияти корӣ бояд ба ватан истирдод шаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, корманди намояндагӣ аз қабулгоҳи мазкур […]

Аваз Юлдошев


Дар қабулгоҳи муваққатии шаҳри Краснодари Русия 15 нафар шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки барои будубоши ғайриқонунӣ, мавҷуд набудани ҳуҷчатҳои муайянкунандаи шахсият ва таъхири пардохти маблаги патент барои фаъолияти корӣ бояд ба ватан истирдод шаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, корманди намояндагӣ аз қабулгоҳи мазкур боздид намуда, бо шароити будубоши шаҳрвандони тоҷик шинос шудааст.

«Як шаҳрванди дар ин қабулгоҳ қарордоштаи Тоҷикистон Гулмурод Салимов гуфтааст, ӯро ғайриқонунӣ боздошт намудаанд, зеро ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ доштаст, вале ҳангоми боздошт корманди пулис як квитансияи пардохтро гум кардааст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, бо мусоидати корманди намояндагӣ барои ҳиимоя аз ҳуқуқҳои ин шаҳрванди Тоҷикистон адвокат киро шуда, рӯзҳои наздик аз болои қарори суд дар бораи истирдоди ӯ ба зинаи болоӣ шикоят оварда хоҳад шуд.

Котиби матбуоти намояндагӣ ҳамчунин зикр кард, ки ояндаи наздик боқимонда 14 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан истирдод хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...