Freedom House Тоҷикистонро ба сафи кишварҳои «ноозод» шомил кард

Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House  ё Хонаи Озодӣ гузориши солонаи худ таҳти унвони   «Freedom in the world 2014» -ро ба нашр расонид, ки мувофиқи он, тайи ҳашт соли ахир вазъи марбут ба риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҷаҳон бад мешавад. Бино ба маълумоти гузориш, 88 кишвари дунё – «озод», 59 давлат – […]

ASIA-Plus


Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House  ё Хонаи Озодӣ гузориши солонаи худ таҳти унвони  

«Freedom in the world 2014»

-ро ба нашр расонид, ки мувофиқи он, тайи ҳашт соли ахир вазъи марбут ба риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҷаҳон бад мешавад.

Бино ба маълумоти гузориш, 88 кишвари дунё – «озод», 59 давлат – қисман озод» ва 48 кишвар – «ноозод» арзёбӣ шудаанд.

Дар баробари Тоҷикистон кишварҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар сафи кишварҳои «ноозод» қарор доранд. Дар 48 кишвари «ноозод»-и дунё 35%-и аҳолии сайёра зиндагӣ мекунанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки ба қатори кишварҳои аз ҳама бештар «ноозод» Туркманистону Ӯзбекистон ниш шомиланд, ки аз рӯи риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ имтиёзи аз ҳама пасттарин – 7 баллро соҳиб шудаанд. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон ба 6 балл сазовор дониста шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...