Қирғизистон ба боздошти автомашинаҳо дар марз бо Тоҷикистон идома медиҳад

Қирғизистон танҳо гузаргоҳи марзии «Қулма»-ро барои ҳамлу нақли мол ба Тоҷикистон кушода нигоҳ дошта, имрӯз ин ягона гузаргоҳест, ки фаъолият дорад. Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки ҶТ Исмоил Шӯхиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҷуз гузаргоҳи зикршуда, феълан пас аз муноқишаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз […]

Заррина Эргашева


Қирғизистон танҳо гузаргоҳи марзии «Қулма»-ро барои ҳамлу нақли мол ба Тоҷикистон кушода нигоҳ дошта, имрӯз ин ягона гузаргоҳест, ки фаъолият дорад.

Сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки ҶТ Исмоил Шӯхиев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҷуз гузаргоҳи зикршуда, феълан пас аз муноқишаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони тоҷику қирғиз кишвари ҳамсоя якҷониба тамоми гузаргоҳҳояш бо Тоҷикистонро бастааст.

Шӯхиев мегӯяд, дар худи марз бевосита ҷамъшавии автомшинаҳои аз Қирғизистон ба Тоҷикистон равуодошта ба мушоҳида намерасад, зеро автомашинаҳо то марз – дар наздикии фурудгоҳи Ботканд боздошт шуда, ба ҳаракати минбаъдаи онҳо иҷозат дода намешавад.

«Тибқи маълумоти гуногун, айни замон дар қаламрави вилояти Ботканд ҷамъшавии аз 190 то 210 адад автомашинаҳо бо бор барои Тоҷикистон ба назар мерасад, ки 90%-и онҳо боркашонони худи Қирғизистон буда, ба ҳамлу нақли бору колои соҳибкорони тоҷик машғуланд», – иброз дошт ӯ.

Дар робита ба гузаргоҳи воқеъ дар Ҷиргатол, ки асосан нуқтаи транзитӣ барои молҳои пешбинишуда ба Афғонистон маҳсуб меёбад, номбурда изҳор кард, ки ахиран рӯзи 20-уми январ ин гузаргоҳро ҳамагӣ як автомашина убур намудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки шабонарӯзи ин қитъаи марзи Тоҷикистону Кирғизистонро 30-40 адад автомашина убур мекард.

«Марз ҳам барои воситаҳои нақлиёт ва ҳам барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Бишкек барои дастрасии молу коло ё бо корҳои шахсӣ мераванду марзи Қирғизистонро тариқи Қазоқистон убур мекунанд, баста шудааст», – афзуд намояндаи Хадамоти гумрук.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.