Баррасии вазъи марз дар суҳбати вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон


Чанде қабл бо дархости ҷониби Тоҷикистон суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилбоев баргузор шуд, ки дар он масъалаи ба эътидол овардани вазъ дар марзи давлатии кишварҳо баррасӣ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКХ Қирғизистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти интишоршуда, зимни суҳбат ҷонибҳо зарурати ҳарчи зудтар баргузор намудани тафтиши муштараки ҳодисаро таъкид намуданд, ки мувофиқи натоиҷи он бояд нисбати гунаҳкорон чораҳои дахлдор андешида шаванд. Дар суҳбат ҳамчунин атрофи тадбирҳои минбаъда оид ба ҳалли масъала табодули назар сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, Абдилбоев таваҷҷуҳи ҳамтои тоҷики худро ба он ҷалб кардааст, ки онҳо посухи мукаммали Тоҷикистонро ба масоилли зикршуда дар нотаҳои ирсолнамудаи ВКХ Қирғизистон оид ба қазияи мазкур интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Тоҷикистон дар симои сардори ситоди нерӯҳои марзбонӣ генерал-майор Шараф Файзуллоев, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва роҳбарони шахри Исфара қаблан чандин маротиба изҳор карда буданд, ки муноқишаи рӯзи 11-уми янвр дар қаламрави деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи Тоҷикистон рух дод.

spot_imgspot_img

Популярное