Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House ё Хонаи Озодӣ гузориши солонаи худ таҳти унвони
«Freedom in the world 2014»
-ро ба нашр расонид, ки мувофиқи он, тайи ҳашт соли ахир вазъи марбут ба риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҷаҳон бад мешавад.
Бино ба маълумоти гузориш, 88 кишвари дунё – «озод», 59 давлат – қисман озод» ва 48 кишвар – «ноозод» арзёбӣ шудаанд.
Дар баробари Тоҷикистон кишварҳои Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар сафи кишварҳои «ноозод» қарор доранд. Дар 48 кишвари «ноозод»-и дунё 35%-и аҳолии сайёра зиндагӣ мекунанд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки ба қатори кишварҳои аз ҳама бештар «ноозод» Туркманистону Ӯзбекистон ниш шомиланд, ки аз рӯи риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ имтиёзи аз ҳама пасттарин – 7 баллро соҳиб шудаанд. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон ба 6 балл сазовор дониста шудааст.



