Роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд баста боқӣ мемонад


Корҳои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти таъмир ва нигоҳдории ҳолати коршоямии роҳи филиали IRS дар минтақи Варзоб, ки бинобар сабаби боришоти шадид рӯзҳои истироҳат баста шуда буд, идома доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, сарфи назар аз идомаи тармафароӣ, кормандони филиал бо истифода аз техникаи махсус ба тозакунии роҳ машғуланд.

«Айни замон тамоми бригадаҳо дар километри аз 62 то 73-юм, ки яке аз мавзеъҳои мушкилтарини роҳ маҳсуб меёбад, роҳро тоза мекунанд», – иттилоъ доданд дар ширкат.

Зикр мегардад, ки рӯзи 24-уми январ дар километри 45-ум яке аз тармаҳои фаромада маҷрои оби дарёро баста, ба вайроншавии қитъаи роҳ таҳдид кардааст. «Ба туфайли чораҳои саривақтӣ маҷрои дарё боз шуда, об аз қитъаи роҳ дур карда шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳ тасмим гирифта шудааст, ки дар километри аз 45 то 73-юм ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад. «Дар ин робита аз ронандагон хоҳиш мекунем, ки аз сафар ба ин минтақаи роҳ муваққатан худдорӣ кунанд», – дархост мешавад дар иттилои ширкат.

spot_imgspot_img

Популярное