Кори комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Ахири ҳафтаи гузашта раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси Шӯрои Федератсияи маҷлиси федералии Русия Вячеслав Штировро, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев муовини раиси Шӯрои Федератсияи маҷлиси федералии Русия Вячеслав Штировро, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумон Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумониро таъкид намуда, М.Убайдулооев аз ҷониби Русия даъват кард, ки баҳри рушди бештари муносибатҳо кори форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия барқарор карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, Штиров ба ҳамсуҳбати худ паёми раиси Шӯрои федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар бораи барқарор қардани фаъолияти форуми байнипарлумонии зикршударо супурдааст.

«Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи моҳи апрел дар Душанбе баргузор намудани ҷаласаи навбатии комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ  ба мувофиқа расиданд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.