Барзу Абдураззоқов Тоҷикистонро тарк кард

Чанде қабл коргардони маъруфи театр Барзу Абдураззоқов барои кор дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов аз Душанбе ба Бишкек раҳсипор шуд. Номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки маҷбур аст, ки муҳоҷирати кориро ихтиёр намояд, «зеро ӯ бояд кору зиндагӣ карда, дар Тоҷикистон вазъаш номуайян буд». «Ман ба мақомоти […]

ASIA-Plus


Чанде қабл коргардони маъруфи театр Барзу Абдураззоқов барои кор дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов аз Душанбе ба Бишкек раҳсипор шуд.

Номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки маҷбур аст, ки муҳоҷирати кориро ихтиёр намояд, «зеро ӯ бояд кору зиндагӣ карда, дар Тоҷикистон вазъаш номуайян буд». «Ман ба мақомоти шаҳрдорӣ ташкили студияи омӯзиши маҳорати актёрӣ барои хоҳишмандон ва донишҷӯёни Донишкадаи ҳунарро пешниҳод кардам, вале ба он таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», – иброз дошт коргардон.

Барзу Абдураззоқов мегӯяд, муваққатан ҳиҷрат ба хориҷи кишварро ихтиёр кардааст, зеро ба ӯ дар ду кишвар – Қирғизистон ва Русия ба муддати 3 сол тибқи қарордод кор пешниҳод шудааст.

«Ҳозир ман ба назди вазири фарҳанги Қирғизистон меравам. Ӯ маро ба назадаш даъват карда, мо масъалаи корамро дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов баррасӣ мекунем. Ба ман пешниҳод шуд, ки дар ин ҷо курси академии худро ташкил кунам», – зикр кард ӯ.

Ба қавли коргардон, ӯ муваққатан Тоҷикистонро тарк мегӯяд, лекин шояд минбаъд дар хориҷа бимонад. «Ман ба ҷойе раҳсипор шудам, ки дар он ҷо зарураму ба ман эҳтиёҷ доранд», – афзуд Б.Абдураззоқов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.