Роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд баста боқӣ мемонад

Корҳои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти таъмир ва нигоҳдории ҳолати коршоямии роҳи филиали IRS дар минтақи Варзоб, ки бинобар сабаби боришоти шадид рӯзҳои истироҳат баста шуда буд, идома доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, сарфи назар аз идомаи тармафароӣ, кормандони филиал бо истифода аз техникаи махсус ба тозакунии роҳ машғуланд. «Айни замон тамоми бригадаҳо […]

ASIA-Plus


Корҳои тозакунии роҳ аз ҷониби хадамоти таъмир ва нигоҳдории ҳолати коршоямии роҳи филиали IRS дар минтақи Варзоб, ки бинобар сабаби боришоти шадид рӯзҳои истироҳат баста шуда буд, идома доранд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкат, сарфи назар аз идомаи тармафароӣ, кормандони филиал бо истифода аз техникаи махсус ба тозакунии роҳ машғуланд.

«Айни замон тамоми бригадаҳо дар километри аз 62 то 73-юм, ки яке аз мавзеъҳои мушкилтарини роҳ маҳсуб меёбад, роҳро тоза мекунанд», – иттилоъ доданд дар ширкат.

Зикр мегардад, ки рӯзи 24-уми январ дар километри 45-ум яке аз тармаҳои фаромада маҷрои оби дарёро баста, ба вайроншавии қитъаи роҳ таҳдид кардааст. «Ба туфайли чораҳои саривақтӣ маҷрои дарё боз шуда, об аз қитъаи роҳ дур карда шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳ тасмим гирифта шудааст, ки дар километри аз 45 то 73-юм ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад. «Дар ин робита аз ронандагон хоҳиш мекунем, ки аз сафар ба ин минтақаи роҳ муваққатан худдорӣ кунанд», – дархост мешавад дар иттилои ширкат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.