Ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад, ки Тоҷикистон ба тафтиши муштараки ҳодисаи тирпарронӣ дар марз рӯзи 11-уми январ розӣ шудааст. Дар ин бора «Азаттик» (хадамоти қирғизии радиои «Озодӣ») бо истинод ба муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизситон Аскар Бешимов хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ба дархости ҷониби Қирғизистон рӯзи 26-уми январ посух расида, айни замон муҳлати оғози тафтиши муштарак ва ҳайати гурӯҳҳо муайян карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, пас аз гуфтушунид бо марзбонони қирғиз тоҷикон ба кофтани хандақҳо бевосита дар наздикии марз хотима бахшидаанд.
Деҳаи Уч-Добо ба ҷамоати деҳоти Оқ-Татир мансуб аст, ки дар баробари ҷамоатҳои Оқ-Тош ва Самарқандак бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад. Зичии ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин минтақа хеле зиёд буда, аз ин рӯ, дар ҳаёти ҳамарӯза сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ маҷбуранд доимо марзи давлатиро убур намоянд.
Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ дар наздикии мавзеи Оқ-Сой марз баста шуда, реҷаи ҳимояти он тақвият дода шуд.
«Азаттик» иттилоъ медиҳад, ки снаи 24-уми январ тақрибан 50 метр дуртар аз деҳаи қирғизии Уч-Добо кофтани хандақҳо оғоз гардидааст. Ба гуфтаи сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Кубатбек Жээнбоев, пас аз гуфтушуниди дуҷониба Тоҷикистон ба корҳо дар ин қаламрав хотима бахшидааст.
Дар мусоҳиба ба «Азаттик» котиби матбуотии намояндаи ваколатдори ҳукумати вилояти Ботканд Мамадҷон Бердишев зикр кардааст, ки баста шудани марзи давлатӣ миёни кишварҳо ба ҳаёти рӯзмарраи ахолии вилоят ҳеҷ таъсире нарасонидааст.
«Вазъ дар манотиқи наздимарзӣ орому босубот буда, кормандони ВКД ва хизматчиёни ҳарбии Хадамоти марзбонии Қирғизистон риояи тартиботи ҷамъиятиро назорат мекунанд. Сокинони маҳаллӣ дар пешгирии ҳодисаҳои қочоқ саҳм мегиранд. Гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон алҳол бастаанд, вале таъсири он ба ҳаёти аҳолии маҳаллӣ мушоҳида намешавад. Захираи маҳсулоти ғизойӣ кофӣ буда, нархҳо дар бозор устуворанд ва миёни аҳолӣ ҳеҷ норозигие дида намешавад», – ибрз доштааст ӯ.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки нимаи дуюми рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Қирғизистон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик дар минтақаи баҳсноки марз дар самти Исфараро
мутаваққиф сохт.
Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон як сокини деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара Фарҳод Сафаров хабар дода буд.
Раиси ҷамоати наздимарзии Ворух Лоиқ Маҳкамов ба ОИ «Азия-Плюс»
тасдиқ намуд,
ки аз қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯктош-Оқсой-Тамдик ба самти Исфара Қирғизистон қисмати зиёди техникаашро берун бурдааст, аммо огаҳ нест, ки оё воқеъан ҳам сохтмони роҳ қатъ шудааст ё кишвари ҳамсоя техникаро ба қитъаи дигари роҳ интиқол дода, корҳоро дар он ҷо идома медиҳад.



