Президент намояндаи БАТР-ро ба ҳузур пазируфт

Дар мулоқоти имрӯзаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Масару Хонма ба Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти имрӯзаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқот Масару Хонма ба Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсро муаррифӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин бонк ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳоло 7 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, маблағи умумии онҳо беш аз 112 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ду ҷониб минбаъд низ метавонанд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкории босамар дошта бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.