«Тоҷик Эйр»: МА-60 солҳои наздик дар Тоҷикистон истифода намешавад

– Ҳавопаймои навъи МА-60-и истеҳсоли Чин солҳои наздик дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор намегирад, – изҳор кард зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев. Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳодисаи тобистони соли 2013 бинобар ҷой доштани мушкилот бо чархаҳои ин ҳавопаймо, ки он бо бархӯрд ба замин ба майдони ҳавоии Душанбе […]

Заррина Эргашева



– Ҳавопаймои навъи МА-60-и истеҳсоли Чин солҳои наздик дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор намегирад, – изҳор кард зимни нишасти хабарии имрӯза директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз ҳодисаи тобистони соли 2013 бинобар ҷой доштани мушкилот бо чархаҳои ин ҳавопаймо, ки он

бо бархӯрд ба замин

ба майдони ҳавоии Душанбе фуруд омад, алҳол дар Тоҷикистон аз ин ҳавопаймо истифода намешавад.

Муовини директори генералии ширкат оид ба масоили иқтисодӣ Икром Мавлонов дар ин робита зикр кард, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру барқароркунӣ, ки аз ҷониби ширкати чинии истеҳсолкунандаи ҳавопаймо – «Ксянь Эйрграфт интернейшнл корпорейшн» анҷом дода шуд, ҳавопаймои зикршуда пурра барқарор карда шудааст.

«Тасмим гирифта шуд, ки ҳавопаймо дар Афғонистон фаъолият хоҳад кард. Бо ширкати ҳавопаймоии East Horizon Airlines-и Афғонистон ба муҳлати 1 сол қарордод ба имзо расида, аз ҳисоби маблағи истифодаи он дар Афғонистон ширкати «Тоҷик Эйр» пардохтҳои лизингӣ назди ширкати чиниро амалӣ месозад», – иброз дошт ӯ.

Директори генералии ширкат дар навбати худ ҳамчунин зикр кард, ки ширкат аз харидани ҳавопаймои дуюми навъи МА-60-ро, ки ҳанӯз соли 2011 нияти хариданашро эълом дошта буда, даст мекашад.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мусофиран асосан парвоз бо ҳавопаймои Боингро интихоб мекунанд ва вақте огаҳ мешаванд, ки павроз бо ҳавопаймои навъи МА-60 анҷом дода мешавад, изҳори нороҳатӣ мекунанд, зеро бо бисёр сабабҳо, аз ҷумла муҳлати парвоз низ ин ҳавопаймо қобили қабул нест. Ин ба камбуди мсуофирон дар ин ҳавопаймоҳо боис гардида, аз ин рӯ, мо онро ба иҷора ба Афғонистон додем, зеро арзиши лизингро пардохт намудан зарур аст», – афзуд Ҳамроев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.