Сабти беш аз 800 қонуншикании истифодаи замин дар ҷануб

Соли гузашта дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 817 ҳолати рияои накардани Кодекси замини ҶТ ошкор карда шуд. Зимни нишасти хабарӣ сардори Кумитаи замини минтақаи Кӯлоб Тоҳир Саидов дар ин робита изҳор кард, ки дар 605 ҳолат қонуншиканон ба маблаги умумии 182 ҳазору 594 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе ҳолатҳо муроҷиат […]

Турко Дикаев



Соли гузашта дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 817 ҳолати рияои накардани Кодекси замини ҶТ ошкор карда шуд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Кумитаи замини минтақаи Кӯлоб Тоҳир Саидов дар ин робита изҳор кард, ки дар 605 ҳолат қонуншиканон ба маблаги умумии 182 ҳазору 594 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе ҳолатҳо муроҷиат ба мақомоти прокуратураву суд зарур омада, дар зарфи як сол 44 парванда ба мақомоти прокуратура ва 61 парванда ба мақомоти судӣ пешниҳод гардидааст.

«Дар 425 ҳолат қонуншиканӣ ба истифодаи замин бидуни сертификат ва саривақт пардохт нашудани маблағи андоз марбут аст», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, давоми сол 53 ҳодисаи худсарона азхудкунии 23,6 гектар замин ба қайд гирифта шуда, дар ҳамаи ҳолатҳо баргардонидани заминҳои ғайриқонунӣ ғасбшуда муяссар гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.