“Барқи тоҷик”, “ТАЛКО” ва дигар корхонаҳои калон андозҳои худро саривақт напардохтаанд

Дар соли 2013 андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯш аз ҳисоби корхонаҳои саноатии калон, бахусус, ТАЛКО иҷро нашуд.  Дар ин бора имрӯз, 28-уми январ Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози ҶТ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Вай афзуд, ки дар соли 2013 андози иҷтимоӣ 92%, андоз аз арзиши иловашуда 99% ва андоз аз фурӯш […]

Исфандиёр Халилов


Дар соли 2013 андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯш аз ҳисоби корхонаҳои саноатии калон, бахусус, ТАЛКО иҷро нашуд. 

Дар ин бора имрӯз, 28-уми январ Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози ҶТ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Вай афзуд, ки дар соли 2013 андози иҷтимоӣ 92%, андоз аз арзиши иловашуда 99% ва андоз аз фурӯш 89,2 % иҷро шуданд, ки дар натиҷа ба буҷет 121,9 миллион сомонӣ ворид нагардид. Дар баробари ин 18 шаҳру ноҳия бо сабабҳои гуногун андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилоти ғайрибуҷетиро таъмин карда натавонистанд.

Ба қавли Нусратулло Давлатов, бақияи қарзи андозҳо 882,7 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки калонтарин қарздорҳо аз андоз КВД “ТАЛКО” ва корхонаҳои зертобеи Вазорати энегетика ва захираҳои об мебошанд.

Раиси кумита сабаби иҷро нашудани нақшаи се намуди андозро чунин шарҳ дод: “Андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯш аз ҳисоби корхонаҳои саноатии калон, бахусус, ТАЛКО иҷро нашуд. Аз сабаби он ки нархи алюминий ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ паст шуд, ин намуди андозҳо пурра иҷро нашуданд. Андози иҷтимоӣ ба музди меҳнат вобастагӣ дорад ва мо моратория мегузаронем, ки кадом корхона чӣ хел музди меҳнат пардохт мекунад. Мутаассифона, дар баъзе шаҳру навоҳӣ корхонаҳои кишоварзие ҳастанд, ки ба кормандонашон аз музди меҳнати ҳадди ақал камтар маош медиҳанд. Маоши ҳадди ақал 250 сомонӣ муайян шудааст. Вақте аз ин кам пардохт мешавад, фоизи андози иҷтимоӣ ҳам камтар мешавад. Камбудиҳои дигар ҳаст, ки шояд мақомоти андоз дар шаҳру навоҳӣ бо дигар мақомоти дахлдор дар якҷоягӣ пурра фаъолият накарданд”.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, “Барқи тоҷик” феълан аз буҷет 398 миллион сомонӣ қарздор аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 143,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Қарзи нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” ба 52,7 миллион сомонӣ баробар аст.

Ба гуфтаи Давлатов, дар соли 2013 нақшаи буҷет ба андозаи 101% иҷро гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ 57,5 млн сомонӣ зиёд аст. Вай афзуд, ки нақшаи мазкур барои соли сипаришуда 5 миллиарду 752 миллион сомони пешбинӣ гардида буд ва маблағи аз ҳисоби андоз ҷамъоваришуда 5 миллиарду 809,5 млн сомониро ташкил дод.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки дар феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 206 ҳазору 512 субъектҳои хоҷагидорӣ расман фаъолият доранд. Аз ин шумор 31 ҳазору 353 субъект ба сифати шахси ҳуқуқӣ, 74 ҳазору 201 нафар соҳибкорони инфиродии тавассути патент фаъолияткунанда, 31 ҳазору 657 нафар соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд, ба қайд гирифта шудаанд. 66 ҳазору 957 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва 344 филиалу намояндагии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ фаъолият мекунанд.

Раиси кумита мегӯяд, теъдоди субъектҳои хоҷагидорӣ 16 ҳазору 563 адад нисбат ба соли 2012 бештар ба қайд гирифта шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.